Нияти имзои Созишнома дар бораи муҳоҷират миёни Тоҷикистону Корея

Дар вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Ён Ҷон-Ку масъалаи имзои созишномаи байниҳукуматӣ миёни кишварҳо «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» баррасӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти хадамоти мазкур хабар доданд, зимни мулоқот дипломати кореягӣ зикр кардааст, ки бо дархости баррасии масъалаи мазкур ба Вазорати […]

Аваз Юлдошев


Дар вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Ён Ҷон-Ку масъалаи имзои созишномаи байниҳукуматӣ миёни кишварҳо «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти хадамоти мазкур хабар доданд, зимни мулоқот дипломати кореягӣ зикр кардааст, ки бо дархости баррасии масъалаи мазкур ба Вазорати меҳнати кишвараш нома ирсол карда, ба имзои чунин созишнома ҷонибдор аст.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои баррасиву мувофиқасозии як қатор масоил як ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Сеул сафар хоҳанд кард.

Сафир зикр кардааст, ки тибқи маълумоти мавҷуда, айни замон дар Кореяи Ҷанубӣ ҳудуди 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки миёни онҳо тоҷирону сармоягузорон низ ҳузур доранд.

Сафиалло Девонаев пешниҳод кардааст, ки 50-100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои омӯзиш ба корхонаи истеҳсоли микроавтобусҳои «Хюндай-Старекс» ба Корея фиристода шаванд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаи омӯзиши забони кореягӣ аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик низ табодули назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.