Пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президенти ИМА сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот изҳор кард, ки бо интихоби дубораи Барак Обама ба мансаби президентӣ, сиёсати хориҷии ИМА тағйир намеёбад.
Ӯ зикр кард, ки ИМА сиёсати мавҷуда бо тамоми кишварҳоро идома дода, баҳри ба сулҳу субот расидан дар Афғонистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
«Мо муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистонро тағйир доданӣ нестем. Ман ҳамчун намояндаи президент Обама гуфтаниам, ки мо ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳо минтақа идома хоҳем бахшид», – иброз дошт сафир.
Эллиот қайд кард, ки интихоти гузашта хеле ҷиддӣ сурат гирифтанд. «Мо ҳам Обамаву ҳам Ромниро барои ба таври демокративу хеле хуб сурат гирифтани интихобот табрик мегӯем», – гуфт вай.
Ёдрас мекунем, аз рӯйи натоиҷи маъракаи интихоботи президентӣ дар ИМА Барак Обама дубора ба мансаби президенти ИМА интихоб шуд.





