Тибқи лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки нусхааш дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» низ мавҷуд аст, марказ дар заминаи ширкатҳои фароҳамсози интенети ҶСК «Тоҷиктелеком», ки бастаи назоратии саҳмияҳояш дар ихтиёри давлат аст, таъсис дода мешавад.
Лоиҳаи мазкур ҳамроҳи мактуби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ҷиҳати гирифтани хулосаву пешниҳодот ба унвони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ирсол гардидааст.
Ҳадаф аз таъсиси ин марказ «таъмини иҷрои талаботи як қатор қонунҳо, таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии ҳодисаҳои риоя накардани ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ва пешгирии ҳолатҳои пешниҳоди хизматгузориҳои пастсифат» унвон мешавад.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, аз ҷумла талаботи қонунҳо аз қабили «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи ихтироот», Консепсия дар бораи амнияти иттиллоотӣ ва дигар асноди меъёрӣ ҳуқуқӣ риоя намешаванд.
Дар ҳамин ҳол, радиои «Озодӣ» иттилоъ медиҳад, ки сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров рӯйи кор омадани ин ташаббус аз ҷониби хадамоти мазкурро рад сохтааст. Аммо як манбаи радиои «Озодӣ» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷумҳурӣ далели қабули ҳуҷҷатҳо дар ин бора аз Хадамоти алоқаро тасдиқ намудааст.
Раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети ҶТ Асомуддин Атоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки таъсиси чунин марказ мухолифи қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва қонунгузории зиддиинҳисорӣ буда, фаъолияти он ба заифии амнияти иттилоотӣ ва иттилоотии иқтисодӣ ва ҳамчунин ба поймолкунии ҳуқуқи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ боис мегардад.
Коршиноси дигар, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки «агар масъала сари пайгирии корбарон тавассути суроғаҳои IP қарор дошта бошад, пас ин поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои асосии конститутсионии шаҳрвандон аст».





