Соли равон дар Тоҷикистон беш аз 370 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 160 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, тӯли моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ зиёда аз 400 ҳазор тонна ангишт фурӯхта шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 180 ҳазор тонна бештар мебошад.
«Зиёд гардидани ҳаҷми фурӯши ангишт дар давраи ҳисоботӣ ба сард омадани тирамоҳу-зимистони солҳои 2011-2012 ва зиёд гардидани талаботи корхонаҳои саноатӣ марбут аст», – зикр мегардад дар иттилои вазорат.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 1,7 ҳазор нуқтаи фурӯши ангишт амал мекунанд. Захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда 34,0 ҳазор тоннаро ташкил дода, муштариён метавонанд, аз ин нуқтаҳо ва анборҳо ангишт харанд.
Бо ангишт дар навбати аввал муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ангишт асосан дар конҳои Фон-Яғноб, Вуромун, Шӯроб, Зиддӣ, Сайёд ва Шӯрообод истихроҷ мегардад.





