Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ИМА


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикии худро бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка, ки фарогири ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва гуманитарию фарҳангӣ мебошанд, баланд арзёбӣ менамояд.

«Бо истифода аз фурсати муносиб ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи минбаъдаи доираи робитаҳои гуногунҷанба бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъкид намуда, ҷиҳати тақвияти ин раванд омодагии хешро барои идомаи муколамаи созанда байни ду давлати ба ҳам дӯст дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям», – таъкид мегардад дар барқия.

spot_imgspot_img

Популярное