Оғози фаъолияти нахустин Маркази ташхиси тиббӣ дар ВМКБ

Дар назди бемористони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин Маркази ташхиси тиббӣ (диагностика) ба фаъолият оғоз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардухтури бемористони вилоят Шодӣ Гулаёзов иттилоъ дод, ҳарчанд марказ ҳоло расман ифтитоҳ нагардида бошад ҳам, дар ин ҷо сокинон метавонанд аз ташхисҳои гуногуни тиббӣ гузаранд. «Арзиши ниҳоии хизматрасониҳо барои як ташхис дар марказ 10 сомониро […]

Сарвиноз Файзова


Дар назди бемористони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин Маркази ташхиси тиббӣ (диагностика) ба фаъолият оғоз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардухтури бемористони вилоят Шодӣ Гулаёзов иттилоъ дод, ҳарчанд марказ ҳоло расман ифтитоҳ нагардида бошад ҳам, дар ин ҷо сокинон метавонанд аз ташхисҳои гуногуни тиббӣ гузаранд. «Арзиши ниҳоии хизматрасониҳо барои як ташхис дар марказ 10 сомониро ташкил медиҳанд», – гуфт вай.

Қобили зикр аст, ки маркази мазкур бо дастгирии Бунёди Оғо Хон оид ба тандурустӣ (AKHS)  ва дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохт.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов зикр кард, ки марказ дар реҷаи он-лайн фаъолият намуда, бо бемористонҳои муваффақи Бунёди Оғо Хон ва Донишгоҳи Оғо Хон дар Қарочӣ ҳамеша дар тамос хоҳад буд. «Рӯзҳои наздик робитаи доимии марказ бо яке аз марказҳои муолиҷавии шаҳри Душанбе низ таъмин хоҳад шуд», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли Файзов, ҳукумати Тоҷикистон барои аз ин марказ истифода кардани аҳолии музофоти Бадахшони Афғонистон низ иҷозат додааст.

Зимнан зикр гардид, ки ин марҳидлаи аввали бунёди Маркази ташхиси тиббӣ буда, он аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, Бунёди Оғо Хон ва ҳукуматҳои Фаронсаву Норвегия маблағгузорӣ шудааст. Маблағи умумии таъиншуда барои анҷоми пурраи бунёди марказ ва фаъолияти пурсамари он 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.