Ғулом Бобоев, ҳимоятгари се нафар марзбонон дар парвандаи панҷ нафар марзбонон аз суд дархост кард, ки нисбат ба мақомоти раҳбарии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ таъиноти хусусӣ содир намояд.
Дар мурофиаи судии навбатӣ ҳимоятгар изҳор кард, ки мақомоти раҳбарии Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар масъалаи таъинотӣ кадрӣ ба иштибоҳ роҳ дода ва ин боиси ба ҷиноят даст задани марзбони ҷавон гардидааст.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои яке аз судшавандагон капитан Мирзомиддин Яъқубов, сардори посгоҳи №1 «Вахш»-и қисми низомии 2610, нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ, ки дар убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқ, ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳаи оташфишон ва дуздии он, барбод додани амволи ҳарбӣ ва суистеъмол аз мақоми мансабӣ муттаҳам карда мешавад, таъини ҷазои 25 соли зиндонро дархост кард.
Майор Анварҷон Ҳакимов, сардори хадамоти нақлиёти қисми низомӣ мувофиқи моддаи 323 (Сохтакории хизматӣ), 347, қ. 2 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) ва 391, қ. 3 (Суистеъмол аз ҳокимият ё мақоми хизматӣ) муттаҳам дониста мешавад. Чунин айбнома ба афсари қисми низомии 2610 лейтенанти калон Алишер Сӯфиев низ пешниҳод шудааст. Айбдоркунандаи давлатӣ барои ҳар кадоме аз онҳо таъини ҷазои 10 соли маҳрумият аз озодиро тақозо намуд.
Капитан Зуҳуршо Мирзоев, сардори посгоҳи марзии № 3-и қисми низомии мазкур ба ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳа, хабар надодан дар бораи ҷиноят ва суистеъмол аз вазифаи хидматӣ айбдор карда мешавад. Нисбт ба ӯ айбдоркунандаи давлатӣ таъини ҷазои 6 соли зиндонро талаб кард.
Сарбози қаторӣ Ҷонибеки Нуралӣ мутобиқи моддаи 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир) муттаҳам дониста шуда, барои ӯ таъини ҷазои 13 соли зиндон тақозо гардид.
Айбдоркунандаи давлатӣ таъкид кард, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ гуноҳи айбдоршавандагон комилан исбот шудааст, вале ҳимоятгарон бо баъзе аз қисматҳои айбнома розӣ нестанд.
Ғулом Бобоев, ҳимоятгари се нафар айбдоршавандагон – Яъқубов, Сӯфиев ва Ҳакимов аз суд дархост кард, ки дар моддаҳои пешниҳодшудаи айбдорӣ ба Яъқубов якчанд масъалаҳои баҳсӣ вуҷуд дошта, бо назардошти ҳамкорӣ бо тафтишот ва ҷавонии ӯ, нисбат ба судшаванда ҳукми мунсифона содир гардад. Нисбат ба Сӯфиев ва Ҳакимов бошад, ҳимоятгар дархост намуд, ки онҳо ҷаримабандӣ шуда, аз толори суд озод карда шаванд.
Бузургмеҳр Асоев, ҳимоятгари Ҷонибеки Нуралӣ, изҳор кард, ки бо айбномаи ба зерҳимояаш пешниҳодгардида розӣ нест, зеро ӯ сарбози қаторӣ буда, танҳо фармони сардорашро ба иҷро расонидааст ва аз ин рӯ, бояд аз толори суд озод карда шавад.
Дар навбати худ Умед Ниёзов, ҳимоятгари Мирзоев бар ин назар аст, ки айби зерҳимояи ӯ қисман собит гардида, бинобар он бо назардошти ҷавонӣ ва вазъи оилавӣ ӯ ҷаримабандӣ ва аз толори суд озод карда шавад.
Суд то 12-уми ноябр танаффус эълон кард.
Ёдрас мекунем, ки 17-уми майи соли равон капитан Мирзомуддин Яъқубов бо 20 кило маводи мухаддири ҳашиш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид. Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ шарикони ҷиноят низ муайян карда шуданд.





