Мусодираи ҳудуди 140 кило маводи мухаддир аз ҷониби кормандони КДАМ


Чанде қабл дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ҳудуди 144 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ иттилоъ доданд, дар таҳхонаи яке аз биноҳои истиқоматии баландошёнаи маркази шаҳри Хуҷанд кормандони кумита ҳудуди 9 кило героин ва беш аз 49 кило ҳашишро дарёфт ва мусодира намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Панҷ низ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки 83,5 кило маводи мухаддири афюнро аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон интиқол доданӣ будаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо якчанд шаҳрвандони кишвар ба ҳабс гирифта шуда, ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот ному насаби онҳо ифшо намегардад.

spot_imgspot_img

Популярное