Беҳбуди вазъи биноии чашмони Барзу Абдураззоқов

Ахири моҳи ноябр пас аз муолиҷа дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав коргардони маъруфи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов ба Душанбе бармегардад. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коргардон изҳор кард, ки айни замон вазъи биноии чашмонаш тадриҷан барқарор мешавад. «Табибон ваъда доданд, ки ҳудуди 50%-и биноии чашмони маро барқарор мекунанд, вале баргардонидани биноии […]

Игор Лекаркин


Ахири моҳи ноябр пас аз муолиҷа дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав коргардони маъруфи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов ба Душанбе бармегардад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коргардон изҳор кард, ки айни замон вазъи биноии чашмонаш тадриҷан барқарор мешавад. «Табибон ваъда доданд, ки ҳудуди 50%-и биноии чашмони маро барқарор мекунанд, вале баргардонидани биноии чашмонам то ба замони ба садама дучор шудан ғайриимкон аст», – гуфт ӯ.

Қаблан Барзу Абдураззоқов хабар дода буд, ки бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 10-уми октябр зарбу лат хӯрдаву чашмонаш низ осеб дидаанд. Ба қавли коргардон, муддати чанд рӯзи пас аз садама нури чашмони ӯ бо суръати хеле зиёд паст шуда, санҷиш нишон додааст, ки биноии чашми рости ӯ ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳад ва агар фавран муолиҷа оғоз нагардад, метавонад аз чашми чапаш ҳам маҳрум гардад.

Ёдрас мекунем, ки муолиҷаи Барзу Абдураззоқов дар Маскав  бо кӯмаки як тоҷире, ки аз ифшои номаш худдорӣ меварзад, имконпазир гардид. Сипас даҳҳо нафар ба коргардон бо маблағи пулӣ кӯмак расониданд.

Коргардон мегӯяд, пас аз бозгашт ба ватан, ӯ дарҳол ба фаъолият хоҳад пардохт. «Ҳатто ҳангоми муолиҷа низ аслан ман аз фаъолият дар канор намондаам. Ба дӯстону ҳамтоҳоям занг зада, нақшаву тарҳҳои минбаъадаро баррасӣ дорем ва баъди бозгашт ба Душанбе дарҳол рӯйи як қатор лоиҳаҳо корро оғоз хоҳем кард», – афзуд Б.Абдураззоқов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.