Оғози Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ дар Тоҷикистон

Аз 13 то 16 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ дар Гӯшаи Амрико воқеъ дар ошёнаи 4-уми Китобхонаи миллӣ шурӯъ мешавад, ки дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили ACCELS, EducationUSA, IREX, Bactria Cultural Center, Tempus, DAAD, UCA ва […]

ASIA-Plus


Аз 13 то 16 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ дар Гӯшаи Амрико воқеъ дар ошёнаи 4-уми Китобхонаи миллӣ шурӯъ мешавад, ки дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили ACCELS, EducationUSA, IREX, Bactria Cultural Center, Tempus, DAAD, UCA ва Гӯшаи Амрико иштирок хоҳанд кард. Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оиди барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳад дод.

Намоишгоҳ бо суханони ифтитоҳии намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Вазорати маорифи кишвар шурӯъ хоҳад шуд. Ҳамчунин, рӯзҳои 14 – 16 ноябр дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон чорабиниҳо дар мавзӯҳои гуногуни таълимӣ ва имконоти таҳсил сурат хоҳанд гирифт.

Хафтаи таҳсили байналмилалӣ як имкониятест барои дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА як ҷузъест аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар тарғиби барномаҳое, ки аз як тараф, барои омода сохтани халқи Амрико ба зиндагӣ дар муҳити ҷаҳонӣ равона гашта, аз тарафи дигар, пешвоёни кишварҳои дигарро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами Иёлоти Муттаҳида ҷалб менамояд.

Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.