Афзоиши маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»

Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2013» барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар ҳаҷми ҳудуди 1 млрд. 200 млн. сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст. Ба қавли вазири молия, соли ҷорӣ дар ҳаҷми 100 млн. сомонӣ афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар назар […]

Аваз Юлдошев


Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2013» барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар ҳаҷми ҳудуди 1 млрд. 200 млн. сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Ба қавли вазири молия, соли ҷорӣ дар ҳаҷми 100 млн. сомонӣ афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар назар аст. «Ахири моҳи июни соли гузашта таҳқиқоти фанниву иқтисодӣ ва таъсироти зистмуҳитиву иҷтимоии лоиҳаи Нерӯгоҳи «Роғун» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба итмом мерасанд ва мо умедворем, ки онҳо ба натиҷаҳои мусбати идомаи сохтмон анҷом ёфта, пас аз эълони натоиҷи ташхис маблағгузории пурраи сохтмони нерӯгоҳ роҳандозӣ мешавад», – гуфт С.Наҷмиддинов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».

Вазири молияи ҷумҳурӣ таъкид кард, ки ба аввали моҳи ноябр дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аз маблағи умумии 1 млрд. 100 млн. сомонии барои соли равон ҷудгардида қариб 75%-и маблағҳо азхуд карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки айни замон аз ҷониби Бонки ҷаҳон арзёбии фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» ҷараён дорад. Кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бо ишораи эҳтимоли рахна шудани сарбанди нерӯгоҳ бар асари заминларзаи имконпазир шадидан мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аст, аммо дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки нигарониҳои Тошканд ҳеҷ асосе надоранд, зеро тӯли чаҳор даҳсола аст, ки дар кишвар бо ҳамин навъ сарбандҳо нерӯгоҳҳо фаъолият дошта, устувории худро зоҳир намуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...