Нияти роҳандозии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо TUSKON

Чанде қабл дар шаҳри Истанбул мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия (TUSKON) Резанур Мерал баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, иқтидори обӣ-энергетикии Тоҷикистон ва ташкили Анҷумани муштараки соҳибкорони тоҷику туркро, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Истанбул мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия (TUSKON) Резанур Мерал баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, иқтидори обӣ-энергетикии Тоҷикистон ва ташкили Анҷумани муштараки соҳибкорони тоҷику туркро, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар Туркия ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд.

Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия созмони ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, соли 1990 таъсис ёфтааст. Ба конфедератсияи мазкур 7 федератсияи соҳибкорон, 173 ассосиатсия, 43000 соҳибкор ва 120000 ширкат аъзо мебошанд. Мақсади асосии TUSKON мусоидат намудан барои шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни соҳибкорони турк ва хориҷӣ мебошад. TUSKON дар шаҳри Москва, Брюссел, Пекин ва Вашингтон намояндагӣ дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...