Тӯҳфаҳои президент ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи  Иди касбии милитсияи тоҷик ба як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ фаъолияти назаррас нишон додаанд, собиқадорон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ва кормандоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои гаронқимат аз қабили телевизор, яхдон, чангашак, микроволновка, соати дастии занона […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи  Иди касбии милитсияи тоҷик ба як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ фаъолияти назаррас нишон додаанд, собиқадорон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ва кормандоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои гаронқимат аз қабили телевизор, яхдон, чангашак, микроволновка, соати дастии занона ва мардона, суратгирак, кондитсионер ва дигар таҷҳизоти рӯзгорро ҷудо намуд

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин тӯҳфаҳоро дар фазои тантанавӣ аз номи Роҳбари Давлат Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба кормандони Вазорати корҳои дохилӣ супорид. Дар мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру вилоятҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ бахшида ба Иди милитсия чорабиниҳои идона баргузор гардида, маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои гаронқимат: телевизор, яхдон, чангашак, микроволновка, соати дастии занона ва мардона, суратгирак, кондитсионер ва дигар таҷҳизоти рӯзгорро аз номи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо ва шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ба кормандон, собиқадорон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ва кормандоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, тақдим намуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то ба имрӯз мақомоти милитсия ҳамчун муборизи роҳи озодӣ, таъмингари волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва сипари боэътимоди давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тӯли 95-соли фаъолият баҳри иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманди хизматӣ, кӯшишу ғайрати худро дареғ надошта, ҳаёти осоиштаи кишвар ва иқтидори ояндаи давлатамонро таъмин намудаанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...