Пешниҳоди лоиҳаи буҷети давлатии соли 2013 ба баррасии парлумон

Имрӯз дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба молия ва иқтисод қарор шуд, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» ба баррасии палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод карда шавад. Раиси Кумитаи мазкури палатаи поёнии парлумон Сафаралӣ Раҷабов дар ин робита изҳор кард, ки буҷети давлатии соли […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба молия ва иқтисод қарор шуд, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» ба баррасии палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод карда шавад.

Раиси Кумитаи мазкури палатаи поёнии парлумон Сафаралӣ Раҷабов дар ин робита изҳор кард, ки буҷети давлатии соли 2013 дар ҳаҷми 12,1 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети давлатии соли гузашта 2 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.

Мувофиқи пешгӯии ҳукумати ҶТ, соли 2013 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 42,1 млрд. сомонӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот – 7,4% ва сатҳи таваррум – 9%-ро ташкил медиҳад. Қурби доллар нисбат ба сомонӣ 5 сомонӣ барои 1 доллари ИМА пешгӯӣ мешавад. Касри буҷет бошад, дар ҳаҷми 210,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки буҷети давлатии соли 2013 низ хусусияти иҷтимоӣ дошта, аз нисф зиёди воситаҳои буҷет (6,4 млрд. сомонӣ) ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегарданд.

Зимни суханронӣ дар назди вакилони парлумон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар итминон доданд, ки сарфи назар аз қабули Кодекси нави андоз ва дар ин робита коҳиш ёфтани даромад аз андозҳо ба буҷет дар ҳаҷми аз 800 млн. то 1 млрд. сомонӣ, нишондиҳандаҳои лоиҳаи буҷети пешниҳодшуда иҷрошавандаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...