ҲНИТ: Парвандаи Шерик Карамхудоев сиёсӣ аст


Узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозода бар ин назар аст, ки парвандаи раиси бахши ҳизб дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев сиёсӣ аст.

«Агар дар бораи Шерик Карамхудоев ҳамчун сокини одии шаҳри Хоруғ сухан мегуфтанд, мо инро парвандаи сиёсӣ намешуморидем, лекин дар ҳама гуна маврид мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ӯ ба сифати раиси бахши шаҳрии ҳизб ҳарф мезананд ва ба мо ҳамчунин маълум аст, ки аз ӯ додани баёнот барои истифода зидди ҳизбро талаб кардаанд, вале ӯ ин корро накардааст», – гуфт Сайфуллозода зимни нишасти хабарӣ, ки бо ташаббуси ҳамсари Карамхудоев – Манижа Шаҳбозбекова субҳи имрӯз дар қароргоҳи ҲНИТ доир гардид.

Намояндаи ҲНИТ ҳамчунин изҳор кард, ки аз маълумоти ҳимотгарон ба онҳо маълум аст, ки дар бадани Ш.Карамхудоев осори лату кӯб боқӣ монда, онҳо истифодаи шиканҷа нисбати ӯро аз эҳтимол дур намедонанд.

Ба қавли Манижа Шаҳбозбекова, ҳамсари Ш.Карамхудоев, муддати 5 моҳе, ки ҳамсараш дар тавқифгоҳ аст, боре ҳам дидори ӯ барояш муясссар нагардидааст. «Ҳар дафъае, ки ман барои ӯ чизе мебарам, бо зане вомехӯрам, ки писараш барои ҷинояти вазнинтаре гумонбар шудааст, вале муддати ҳар 15 рӯз ба ӯ барои дидор бо писараш иҷоза медиҳанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки маро боре ҳам ба дидор бо ҳамсарам иҷоза надоданд. Ман чунин муносибатро намефаҳмам, магар мо ҳам мисли он зан шаҳрванд нестем?», – мегӯяд ӯ.

М.Шаҳбозбекова изҳор кард, ки дар тамоми ин муддат танҳо ба хушдоманаш барои дидор бо писараш иҷоза дода, вале ӯ иқрор нашудааст, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтааст, зеро онҷо мудом «кормандони тавқифгоҳ қарор доштаанд».

Ба айбҳои нисбатдода ба шавҳараш низ ӯ розӣ нест, зеро зимни аз хона берун рафтан, «ӯ бо худ силоҳ надошт ва умуман ӯ ба ҳеҷ кадоме аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша шомил нест».

«Ҳамсари ман шахси одӣ аст. Он замон ӯ барои он берун рафта буд, ки аз воқеаи рухдода дар кӯча бохабар шавад. Ӯ аз аҳли оилаи худ ҳарос дошт, аз ин рӯ, дар хона қарор дошта наметавонист. Ӯ бо худ аслиҳае надошт. Ман бо айбҳои ба ӯ пешниҳодгардида розӣ нестам», – мегӯяд ҳамсари Ш..Карамхудоев.

Дар ҳамин ҳол, пас аз ташхиси судиву тиббӣ коршиносон ба хулоса расиданд, ки ҷароҳатҳо дар ҷисми раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев осори шиканҷа набуда, бар асари афтодани ӯ пайдо шудаанд.

Ташхиси судиву тиббии ҷароҳатҳои бадани Шерик Карамхудоев бо дархости ҳимоятгари ӯ Зебо Қосимова санаи 4-уми октябр дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони КДАМ ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.

Зебо Қосимова мегӯяд, бо натоиҷи ташхис комилан мувофиқ набуда, ба баргузор намудани ташхиси такрорӣ ва боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин масъала тибқи моддаи «Шиканҷа» исрор хоҳад варзид.

Ёдрас мекунем, ки тибқи иттилоии пешакии ҳимоятгарон, Карамхудоев мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад. Дар изҳороти интишоршуда санаи 29-уми август аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ, Ш.Карамхудоев дар муқовимати мусаллаҳона ба нерӯҳои ҳукуматӣ зимни рӯйдодҳои ахири Хоруғ муттаҳам дониста мешавад. 

spot_imgspot_img

Популярное