Сатҳи таваррум дар 9 моҳ 6,1%-ро ташкил дод

Дар зарфи 9 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи октябри соли равон нархҳои истехмолӣ ва тарофаҳои хизматрасонӣ дар кишвар 0,4% афзуданд. Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 0,61% (дар ҳамин давраи соли гузашта – 0,9%)-ро ташкил дод. Қобили зикр […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 9 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, моҳи октябри соли равон нархҳои истехмолӣ ва тарофаҳои хизматрасонӣ дар кишвар 0,4% афзуданд.

Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 0,61% (дар ҳамин давраи соли гузашта – 0,9%)-ро ташкил дод. Қобили зикр аст, ки дар зарфи 10 моҳи соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 9%-ро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, муддати 12 моҳи ахир нарху тарофаҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 6,5% боло рафтанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумат то охири  соли ҷорӣ сатҳи таваррумро дар сатҳи 10,5% нигоҳ доштанист. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2011 сатҳи таваррум 9,3%-ро ташкил дод. Сатҳи таварруми соли равон дар Тоҷикистонро Хазинаи байнулмилалии асъор ба андозаи 8% ва Бонки осиёгии рушд дар сатҳи 7,5% пешгӯӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.