Газпром ба корҳои иктишофии минтақаи Шоҳамбарии Ғарбӣ оғоз мебахшад

Ширкати Gazprom International ба корҳои иктишофиву геологӣ дар майдони нафтугаздори Шоҳамбарии Ғарбӣ воқеъ дар минтақаи ғарби ҷумҳурӣ ҳусни оғоз мебахшад. Бино ба маълумоти ширкати мазкур, ҳафтаи гузашта зимни машварати истеҳсоливу техникӣ бо иштироки мақомоти раҳбарии намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои паймонкор дар ин бора хабар дода шуд. Тибқи қарордоди қаблан мувофиқашуда бо […]

Заррина Эргашева


Ширкати Gazprom International ба корҳои иктишофиву геологӣ дар майдони нафтугаздори Шоҳамбарии Ғарбӣ воқеъ дар минтақаи ғарби ҷумҳурӣ ҳусни оғоз мебахшад.

Бино ба маълумоти ширкати мазкур, ҳафтаи гузашта зимни машварати истеҳсоливу техникӣ бо иштироки мақомоти раҳбарии намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои паймонкор дар ин бора хабар дода шуд.

Тибқи қарордоди қаблан мувофиқашуда бо Вазорати энергетка ва саноати ҷумҳурӣ, омӯзиши майдони ояндадори нафтугази мазкур то ахири соли равон шурӯъ мешавад.  «Иштирокдорони машварат нақшаи кор, имконоти техникии ташкилотҳои паймонкор ва ҳамчунин масоили марбут ба таъмини ҳуқуқиву чорабиниҳои тадорукотиро баррасӣ қарданд», – гуфта мешавад дар иттилои ширкат.

Рӯзи 14-уми сентяьбри соли равон дар Маскав зимни мулоқоти вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо директори иҷрокунандаи ширкати Gazprom International Валерий Гуляев ҷараёни татбиқ ва тавсеъаи лоиҳаҳои ширкати «Газпром» оид ба корҳои иктишофиву ҷустуҷӯии газу нафт дар майдонҳои ояндадори Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал таҳқиқоти геологӣ гузаронида шуда, сипас интиқоли дастгоҳу таҷҳизот ва  бунёди урдӯгоҳи саҳроии сейсмикӣ сурат мегирад.

Майдони минтақаи Шоҳамбарии Ғарбӣ 247 километри мураббаъро ташкил дода, дар ноҳияи Ҳисор воқеъ аст.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои асосии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.