Мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ бо сафири Британияи Кабир

Ахири ҳафтаи гузашта раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷереми Робин Орд Смитро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод,  дар оғози мулоқот М.Убайдуллоев изҳори итминон кард, ки сафири нави Британияи […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷереми Робин Орд Смитро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод,  дар оғози мулоқот М.Убайдуллоев изҳори итминон кард, ки сафири нави Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон баҳри тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи кишварҳо, аз ҷумла таҳкими муносиботи байнипарлумонӣ кӯшиши зиёд ба харҷ хоҳад дод.

Ба қавли Ш.Саидов, раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ кӯшишҳои сафир дар масъалаи роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар самтҳои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзоиши шумори квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии Британия ва ифтитоҳи филиалҳои муассисаҳои таълимии ин кишвар дар шаҳри Душанберо арзандаву муассир арзёбӣ намуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили таҳкими заминаи меъёриву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.