Дар гузориши нави Хазинаи байнумилалии асъор тахти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» зикр мегардад, ки дар иқтисоди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳиссаи назаррасро бахши ғайрирасмӣ ташкил медиҳад.
Дар гузориши рӯзи 12-уми ноябр интишоргардида гуфта мешавад, иқтисоди соягӣ (пинҳонӣ) ба вазъи кормандон, ки қариб амалан аз ҳифзи иҷтимоӣ маҳруманду барои ба мансаби баландтари хизматӣ соҳиб гардидан ҳеҷ шароите надоранд, таъсири манфӣ гузошта, тамоили умумии рушду пешравиро бозмедорад.
«Барои коҳиши ҳиссаи бахши ғайрирасмӣ дар иқтисод ва мусоидат ба рушди умумӣ беҳбуди муҳити корӣ, таъмини устувории бозори меҳнат, коҳиши маблағҳои андозбандӣ, муҳайё сохтани шароити баробари фаъолият ба ҳамаи ширкату корхонаҳо ва кормандони он зарур аст», – баён мегардад дар гузориш.
Дар гузориш таъкид мегардад, ки ҳиссаи бахши ғайрирасмии иқтисод маъмулан нисбат ба ҳиссаи расмии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳисоб шуда, аз соли 2008 ҳаҷми он нисбат ба ММД аз 15% дар Ӯзбекистон то беш аз 30% дар Тоҷикистону Қазоқистон ва 25% дар Қирғизистону 16% дар Туркманистонро ташкил медиҳад.
Барои ноил гардидан ба коҳиши ҳиссаи иқтисоди соягӣ коршиносони ХБА ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозии иқдомоте аз қабили беҳбуди низоми ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкорӣ, соддакунии таъсиси корхонаҳо, коҳиши хароҷоти марбут ба муқаррароти меъёрӣ, муҳайё сохтани шароитҳои мусоид ба сармоягузориву рушд ва рақобатпазирии баробарро тавсия медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориши ХБА пешбинӣ мегардад, ки соли равон рушди воқеии ММД-и Тоҷикистон – 6,8% ва соли 2013 – 6% ва мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар соли 2012 – 6% ва соли 2013 – 8,1%-ро ташкил хоҳад дод.





