ХБА: Ҳиссаи иқтисоди соягии Тоҷикистон аз 30%-и ҳаҷми ММД зиёд шуд

Дар гузориши нави Хазинаи байнумилалии асъор тахти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» зикр мегардад, ки дар иқтисоди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳиссаи назаррасро бахши ғайрирасмӣ ташкил медиҳад. Дар гузориши рӯзи 12-уми ноябр интишоргардида гуфта мешавад, иқтисоди соягӣ (пинҳонӣ) ба вазъи кормандон, ки қариб амалан аз ҳифзи иҷтимоӣ маҳруманду барои ба мансаби […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар гузориши нави Хазинаи байнумилалии асъор тахти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» зикр мегардад, ки дар иқтисоди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳиссаи назаррасро бахши ғайрирасмӣ ташкил медиҳад.

Дар гузориши рӯзи 12-уми ноябр интишоргардида гуфта мешавад, иқтисоди соягӣ (пинҳонӣ) ба вазъи кормандон, ки қариб амалан аз ҳифзи иҷтимоӣ маҳруманду барои ба мансаби баландтари хизматӣ соҳиб гардидан ҳеҷ шароите надоранд, таъсири манфӣ гузошта, тамоили умумии рушду пешравиро бозмедорад.

«Барои коҳиши ҳиссаи бахши ғайрирасмӣ дар иқтисод ва мусоидат ба рушди умумӣ беҳбуди муҳити корӣ, таъмини устувории бозори меҳнат, коҳиши маблағҳои андозбандӣ, муҳайё сохтани шароити баробари фаъолият ба ҳамаи ширкату корхонаҳо ва кормандони он зарур аст», – баён мегардад дар гузориш.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки ҳиссаи бахши ғайрирасмии иқтисод маъмулан нисбат ба ҳиссаи расмии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳисоб шуда, аз соли 2008 ҳаҷми он нисбат ба ММД аз 15% дар Ӯзбекистон то беш аз 30% дар Тоҷикистону Қазоқистон ва 25% дар Қирғизистону 16% дар Туркманистонро ташкил медиҳад.

Барои ноил гардидан ба коҳиши ҳиссаи иқтисоди соягӣ коршиносони ХБА ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозии иқдомоте аз қабили беҳбуди низоми ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкорӣ, соддакунии таъсиси корхонаҳо, коҳиши хароҷоти марбут ба муқаррароти меъёрӣ, муҳайё сохтани шароитҳои мусоид ба сармоягузориву рушд ва рақобатпазирии баробарро тавсия медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориши ХБА пешбинӣ мегардад, ки соли равон рушди воқеии ММД-и Тоҷикистон – 6,8% ва соли 2013 – 6% ва мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар соли 2012 – 6% ва соли 2013 – 8,1%-ро ташкил хоҳад дод.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.