Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон, 16-уми ноябр, дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва баргузор шудани консерти устодони ҳунар ҷашни 20-умин солгарди иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ба чорабинии ҷашнӣ аъзои ҳукумат, вакилони палатаҳои парлумони кишвар, олимону зиёиён, аҳли ҷомеа ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе даъват шудаанд.
Рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 19-уми ноябр, ба ин муносибат дар Қасри Арбоби вилояти Суғд чорабиниҳои ҷашнӣ доир гардида, дар он сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки иҷлосияи XVI-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин қаср баргузор шуда буд.
Маврид ба ёдоварист, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992, замони шиддати даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар иҷлосияи мазкур истеъфои раисҷумҳури вақт Раҳмон Набиев қабул гардида, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб карда шуд.





