Ҷашни солгарди иҷлосияи XVI-умро дар Душанбеву Хуҷанд таҷлил мекунанд

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон, 16-уми ноябр, дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва баргузор шудани консерти устодони ҳунар ҷашни 20-умин солгарди иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ба чорабинии ҷашнӣ аъзои ҳукумат, вакилони палатаҳои парлумони кишвар, […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон, 16-уми ноябр, дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва баргузор шудани консерти устодони ҳунар ҷашни 20-умин солгарди иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ба чорабинии ҷашнӣ аъзои ҳукумат, вакилони палатаҳои парлумони кишвар, олимону зиёиён, аҳли ҷомеа ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе даъват шудаанд.

Рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 19-уми ноябр, ба ин муносибат дар Қасри Арбоби вилояти Суғд чорабиниҳои ҷашнӣ доир гардида, дар он сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки иҷлосияи XVI-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин қаср баргузор шуда буд.

Маврид ба ёдоварист, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992, замони шиддати даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар иҷлосияи мазкур истеъфои раисҷумҳури вақт Раҳмон Набиев қабул гардида, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб карда шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.