Путин муҳоҷиронро ба супоридани имтиҳон аз забони русӣ уҳдадор кард


Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он муҳоҷирони кории машғул ба фаъолият дар бахшҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматгузориҳо ба супоридани имтиҳон аз забони русӣ уҳдадор мешаванд.

Нашрияи Взгляд менависад, барои соҳиб шудан ё тамдиди муҳлати иҷозатнома барои кор, шаҳрвандони хориҷӣ ё ашхоси бидуни шаҳрвандӣ, ки ба онҳо вуруд бидуни раводид иҷозат аст, бояд донистани забони русӣ дар сатҳи заминавиро тасдиқ созанд.

Ҳамин тариқ, онҳо бояд аз санҷиши давлатии забони русӣ гузашта, дар ин бора бояд сертификати дахлдор гиранд. Гуфта мешавад, айни замон дар макотиби олии Русия ва муассисаҳои таълимӣ дар хориҷи кишвар беш аз 160 марказҳое амал мекунанд, ки ба баргузории санҷиши сатҳи дониши шаҳрвандони хориҷӣ аз забони русӣ ҳуқуқ доранд.

Аммо коршиносн бар ин назаранд, ки ин иқдом як равзанаи навбатие хоҳад буд барои коррупсия дар ин соҳа, зеро аз ин пас сертификатҳои сохтаву қалбакӣ ғайриқонунӣ ба фурӯш хоҳанд рафт. Ба қавли раиси ҳаракати ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарифов, то 90%-и муҳоҷирони корӣ аз ҳуҷҷатҳои сохтаву қалбакӣ истифода мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное