Путин муҳоҷиронро ба супоридани имтиҳон аз забони русӣ уҳдадор кард

Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он муҳоҷирони кории машғул ба фаъолият дар бахшҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматгузориҳо ба супоридани имтиҳон аз забони русӣ уҳдадор мешаванд. Нашрияи Взгляд менависад, барои соҳиб шудан ё тамдиди муҳлати иҷозатнома барои кор, шаҳрвандони хориҷӣ ё ашхоси бидуни шаҳрвандӣ, ки ба онҳо вуруд бидуни […]

ASIA-Plus


Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он муҳоҷирони кории машғул ба фаъолият дар бахшҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматгузориҳо ба супоридани имтиҳон аз забони русӣ уҳдадор мешаванд.

Нашрияи Взгляд менависад, барои соҳиб шудан ё тамдиди муҳлати иҷозатнома барои кор, шаҳрвандони хориҷӣ ё ашхоси бидуни шаҳрвандӣ, ки ба онҳо вуруд бидуни раводид иҷозат аст, бояд донистани забони русӣ дар сатҳи заминавиро тасдиқ созанд.

Ҳамин тариқ, онҳо бояд аз санҷиши давлатии забони русӣ гузашта, дар ин бора бояд сертификати дахлдор гиранд. Гуфта мешавад, айни замон дар макотиби олии Русия ва муассисаҳои таълимӣ дар хориҷи кишвар беш аз 160 марказҳое амал мекунанд, ки ба баргузории санҷиши сатҳи дониши шаҳрвандони хориҷӣ аз забони русӣ ҳуқуқ доранд.

Аммо коршиносн бар ин назаранд, ки ин иқдом як равзанаи навбатие хоҳад буд барои коррупсия дар ин соҳа, зеро аз ин пас сертификатҳои сохтаву қалбакӣ ғайриқонунӣ ба фурӯш хоҳанд рафт. Ба қавли раиси ҳаракати ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарифов, то 90%-и муҳоҷирони корӣ аз ҳуҷҷатҳои сохтаву қалбакӣ истифода мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.