Ҳайати мушовараи зинаи таҷдиди назар (кассатсионӣ)-и суди вилояти Суғд ҳукми содиршуда нисбат ба сокини 73-солаи шаҳри Исфара Зиёваддини Ҷӯраевро, ки ба рӯйи судя кислота пошида буд, бетағйир боқӣ гузошт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари З.Ҷӯраев хабар дод, имрӯз ӯ ният дорад, ки дар бораи ба таъхир гузоштани иҷрои қарори суд нисбати зерҳимояаш дархост пешниҳод намояд.
«Ҷӯраев шахси пиронсолу бемор ва дар қайди доимии даромнгоҳи бемориҳои дил қарор дорад. Агар суд дархости маро қонеъ насозад, ман ба суди зинаи назоратии вилояти Суғд бо тартиби назоратӣ шикоят мебарам», – гуфт Воҳидова.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябри соли равон суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Зиёваддин Ҷӯраеви 73-соларо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 110, қ. 2 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 356, қ. 3 (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судии хатарнок барои ҳаёт ва саломатӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати 8 солу 6 моҳи зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд.
Рӯзи 21-уми июли соли равон Зиёваддини Ҷӯраев ба ҳуҷраи кории судяи суди шаҳри Исфара Абдуҳамид Давронов ворид гардида, ба нишони эътироз аз ҳукми содиркардаи судя ба рӯйи ӯ кислота пошид, ки бар асари он 27%-и рӯйи судя осеб дид.





