Беш аз 6 млн. сомонӣ барои барномаи ҳимояти иштирокчиёни истеҳсолоти судӣ

Санаи 2-юми ноябри соли равон дар Тоҷикистон Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни истеҳсолоти судии ҷиноӣ барои солҳои 2013-2016 тасдиқ карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов хабар дод, қонун «Дар бораи ҳимояти давлатии иштиркчиёни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ» аввали соли гузашта қабул гардида, […]

Наргис Ҳамробоева


Санаи 2-юми ноябри соли равон дар Тоҷикистон Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни истеҳсолоти судии ҷиноӣ барои солҳои 2013-2016 тасдиқ карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов хабар дод, қонун «Дар бораи ҳимояти давлатии иштиркчиёни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ» аввали соли гузашта қабул гардида, ҳадаф аз он амалисозии тадбирҳо дар таъмини ҳимояти давлатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштикчиёни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ аст.

Ба қавли вай, маблағгузории барнома аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 6 млн. сомонӣ (ҳудуди 1,3 млн. $) сурат мегирад.

«Маблағҳои барнома ба ҳимояти давлатии иштирокчиёни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ, аз қабили муҳофизати шахсӣ, муҳофизати манзилу амвол, дастрасӣ ба воситаҳои махсуси муҳофизати инфиродӣ ва алоқа, таъмини махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсони таҳти ҳифозат қарордошта, кӯчонидан ба маҳалли дигари зист ё муваққатан ҷойгир кунонидани онҳо дар макони бехавф, иваз кардани ҳуҷҷатҳо, тағийри намуди зоҳирӣ ва ғайра равона мегардад», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки Вазорати умури дохилии кишвар ҳамоҳангсози барнома буда, дар баробари дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба амалисозии барнома масъул аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.