Хуҷанд: Баррасии даъвои Тӯраҷонзода мавқуф гузошта шуд


Суди шаҳри Хуҷанд баррасии даъвои рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода оид ба ҳимоят аз шаъну эътиборро боз мавқуф гузошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як сарчашма аз суди шаҳрӣ хабар дод, сабаби мавқуф гузоштани баррасии даъво таъини баргузор намудани ташхиси лингвистикӣ аз ҷониби суд ин дафъа дар Кумитаи забону истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ аст.

Ёдрас мекунем, ки 30-юми августи соли равон дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи пешакии додгоҳӣ оид ба баррасии даъвои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода оғоз гардид.

Ба қавли Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Тӯраҷонзода, ҷониби ҷавобгар оид ба даъвои Тӯраҷонзода дар бораи ҳифзи обрӯву мартаба ва шаъну эътибор раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, саримомхатиби масҷиди шаҳри Исфара Ҳоҷӣ Насрулло Азизов, саримомхатиби масҷиди шаҳри Конибодом Ҳоҷӣ Мақсудҷон Ӯрунов ва журналисти телевизиони вилоят Тоҳир Искандарӣ мебошанд.

Ҳамаи онҳо моҳи феврали соли ҷорӣ зимни иштирок дар як мизи гирд дар телевизиони вилояти Суғд иштирок карда, ба назари Тӯраҷонзода, нисбати ӯ андешаҳои манфӣ изҳор намудаанд.

Дар мурофиаи пешакии додгоҳӣ барои ошкор сохтани аломатҳои таҳқиру туҳмат дар гуфтаҳои ҷавобгарон, судя баргузории ташхиси судии лингвистикӣ дар Пажуҳишгоҳи забону адабиёти Академияи улуми ҶТ-ро таъин намуда, то анҷоми баргузории ин ташхис баррасии парвандаро мутаваққиф сохта буд.

Раиси суди шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки Пажуҳишгоҳи забону адабиёти Академияи улуми ҶТ ҳуҷҷатҳо оид ба ин парвандаро ба суд баргардонида, инро чунин шарҳ додааст, ки ташхис бояд аз ҷониби Кумитаи забону истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ гузаронида шавад. «Мо маводи заруриро аллакай ба ин Кумита ирсол намудем», – гуфт Ҳабибуллоева. 

spot_imgspot_img

Популярное