ҲНИТ амалиёти низомӣ алайҳи Фаластинро маҳкум кард

Чанде қабл дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ бо ширкати масъулини шӯъбаҳои иҷроия баргузор гардид. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, зимни ҷаласа дар баробари масоили корӣ ва рӯзмараи фаъолият, вазъияти ахири Фаластин низ мавриди баррасии ҳозирин қарор гирифт. Ҳуҷумҳои ҳавоӣ ва баҳрии низоми Исроил алайҳи мардуми бегуноҳи Фаластинро ширкаткунандагони ҷаласа […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ бо ширкати масъулини шӯъбаҳои иҷроия баргузор гардид.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, зимни ҷаласа дар баробари масоили корӣ ва рӯзмараи фаъолият, вазъияти ахири Фаластин низ мавриди баррасии ҳозирин қарор гирифт.

Ҳуҷумҳои ҳавоӣ ва баҳрии низоми Исроил алайҳи мардуми бегуноҳи Фаластинро ширкаткунандагони ҷаласа сахт маҳкум намуда, устуворӣ дар муқовимат ва дифоъ аз ҳуқуқҳои худро ҳаққи қонунӣ ва машрӯъи фаластиён донистанд. Дар зимн аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус ИМА ва бархе кишварҳои ғарбӣ пуштибонӣ аз низоми ҷинояткори Исроилро вазифаи худ қарор дода, ошкоро мехоҳанд бо зулму зурӣ ҳаққи мардуми фаластиниро нодида бигиранд. Дар ҳоле, ки аз ишғол шудани Фаластин беш аз 60 сол мегузараду миллионҳо фаластинӣ ҳанӯз ҳам дар ғурбат ва муҳоҷирати иҷборӣ ба сар мебаранд, кишварҳои ҳомии Исроил ин ҳамаро намехоҳанд ба назари эътибор бигиранд.

Дар ҷаласа таъкид бар он карда шуд, ки ин гуна иштибоҳоти сиёсӣ ва мавқеъгириҳои якҷонибаи кишварҳои абарқудрат метавонад дунёро ба қутбҳои ба ҳам зид ва мутанозиъ тақсим намояд, ки ба ҳам овардани он дар оянда хеле мушкил мегардад.

Ҳамчунин дар ҷаласа гуфта шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ва мо тоҷикон низ набояд дар чунин вазъияти бӯҳронӣ барои тамоми мусалмонон бетараф бошем, зеро ба ақидаи иштирокчиёни ҷаласа, ки он аз манобеъи динӣ ва таълимоти исломӣ об мехӯрад, мусалмон бародари мусалмон аст ва дар ғаму дарди ҳамдигар бо ҳам шариканд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.