Баррасии масоили таҳсилоти инклюзивӣ дар пойтахт

Рӯзи 21 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе бо дастгирии барномаҳои таҳсилотӣ ва тандурустии  Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти  «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад (ИҶК-БМ) дар Тоҷикистон, бо ҳамшарикии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Дафтари ЮНИСЕФ дар ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Таҳсилоти инклюзивӣ: проблемаҳо ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли онҳо» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар иттилоияи интишоргардидаи […]

ASIA-Plus


Рӯзи 21 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе бо дастгирии барномаҳои таҳсилотӣ ва тандурустии  Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти  «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад (ИҶК-БМ) дар Тоҷикистон, бо ҳамшарикии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Дафтари ЮНИСЕФ дар ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Таҳсилоти инклюзивӣ: проблемаҳо ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли онҳо» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.

Дар иттилоияи интишоргардидаи ИҶК-БМ гуфта мешавад, ҳадаф аз конфронс омӯзиши масоили таҳсилоти инклюзивӣ, табодули таҷриба ва ҳамкорӣ, имконияти баррасии принсипҳои сиёсати таҳсилотӣ оид ба пешниҳоди имкониятҳои баробари таҳсилоти босифат ва рушди иқтидор барои ҳамаи кӯдакон дар сатҳи байналхалқӣ мебошад.   

«Дар давоми конфронс баррасии проблемаҳо ва  имкониятҳои ниҳоӣ барои рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсилот, хизматрасонии иҷтимоӣ, дастгирии психологӣ ва тиббиву педагогӣ, барҳам задании монеаҳо ва таъсиси шароит барои ниёзи кӯдакони талаботи таҳсилотӣ дошта тавассути такмили базаи қонунгузорӣ, шабакаи омода кардани мутахассисону омӯзгорон, таҳияи равишҳои нави илмӣ ва базаи таълимиву методӣ, афзун кардани иттилоърасонӣ ба аҳолӣ  дар назар аст», – зикр мегардад дар иттилоия.

Ба иттилои манбаъ, барои ширкат ба конфронс 80 нафар аз ҷумлаи намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, вазоратҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ,  машваратҳои психологӣ ва тиббиву педагогӣ, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ даъват шудаанд.

«Ҳамчунин дар конфронс мутахассисони  Муассисаи федеролии илмии «Институти вижаи омӯзиш»-и АУ Россия, Маркази психологияи амалии таҳсилоти вилояти Москва, Мактаби инклюзивии Эрон, Маркази миллии илмиву амалии омӯзиши вижаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати таҳсилот ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон маърӯза хоҳанд кард», – омадааст дар иттилоия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.