Фавти ду сокини Хуҷанд дар сӯхтори вилояти Маскав

Бар асари сӯхтор, ки рӯзи 19-уми ноябр дар яке аз биноҳои хобгоҳи шаҳри Долгопрудскии вилояти Маскав рух дод, ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, сокинони шаҳри Хуҷанд – зани 22-сола Саодат Исмоилова ва ҷияни ӯ Зарнигор Исмоиловаи 3-сола фавтидаанд. Бино ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, сӯхтор дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар […]

Аваз Юлдошев


Бар асари сӯхтор, ки рӯзи 19-уми ноябр дар яке аз биноҳои хобгоҳи шаҳри Долгопрудскии вилояти Маскав рух дод, ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, сокинони шаҳри Хуҷанд – зани 22-сола Саодат Исмоилова ва ҷияни ӯ Зарнигор Исмоиловаи 3-сола фавтидаанд.

Бино ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, сӯхтор дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар мағозаи асбобу лавозимоти рӯзгор воқеъ дар ошёнаи якуми ин бино сар задаааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 15-уми ноябр дар ноҳияи Белоусовои шаҳри Обнински вилояти Калуга шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Турсунзода З.Тоҷибоеви 20-сола низ бар асари лату кӯби бераҳмона аз ҷониби шахсони номаълум ба ҳалокат расида, аз рӯи далели ин куштор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот ҷараён дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.