Имрӯз дар Душанбе силсилаи иборат аз шаш давраи омӯзишии якрӯза ҷиҳати боло бурдани огоҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик аз Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) оғоз мегардад.
Тавре Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистони Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ хабар дод, дар семинар намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, корхонаҳои бузурги соҳаҳои дигар ва ҳамчунин, намояндагони муассисаҳое, ки ба масоили марбут ба стандартҳо ва баҳогузории мутобиқат машғуланд, дар шаш шаҳри кишвар ва бо ҳадафи боло бурдани сатҳи огоҳии онҳо аз манфиату чолишҳо ва оқибатҳои вуруди Тоҷикистон ба СҶТ гирди ҳам меоянд.
Ба гуфтаи ӯ, давраи омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СҶТ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази байнулмилалии тиҷорат амалӣ менамояд.
Қобили зикр аст, ки Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) тавассути лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии беҳтар аз вуруди қарибулвуқӯъи Тоҷикистон ба СҶТ ва бештар ҷалб гардидан ба ин раванд ёрӣ медиҳад. Лоиҳаи мазкур бахше аз Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон буда, мусоидат ба иҷрои ислоҳоти ҳамаҷониба дар ин кишвар ҷиҳати узвият дар СҶТ-ро ҳадаф қарор додааст.
Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) як созмони байнулмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад, то ба ин васила ба истеҳсолкунандагон, ироагарони хадамот, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат кунад. Дар ҳоли ҳозир, 157 кишвар узви СҶТ мебошанд ва 22 кишваи дигарр, аз ҷумла Тоҷикистон, дархости узвият ба СҶТ кардаанд ва дархости онҳо дар марҳилаҳои гуногуни баррасӣ қарор дорад.





