Семинарҳои МБТ оид ба огоҳии тоҷирони тоҷик аз СҶТ

Имрӯз дар Душанбе силсилаи иборат аз шаш давраи омӯзишии якрӯза ҷиҳати боло бурдани огоҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик аз Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) оғоз мегардад. Тавре Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистони Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ хабар дод, дар семинар намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, корхонаҳои бузурги соҳаҳои дигар ва ҳамчунин, намояндагони муассисаҳое, ки […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Душанбе силсилаи иборат аз шаш давраи омӯзишии якрӯза ҷиҳати боло бурдани огоҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик аз Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) оғоз мегардад.

Тавре Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистони Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ хабар дод, дар семинар намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, корхонаҳои бузурги соҳаҳои дигар ва ҳамчунин, намояндагони муассисаҳое, ки ба масоили марбут ба стандартҳо ва баҳогузории мутобиқат машғуланд, дар шаш шаҳри кишвар ва бо ҳадафи боло бурдани сатҳи огоҳии онҳо аз манфиату чолишҳо ва оқибатҳои вуруди Тоҷикистон ба СҶТ гирди ҳам меоянд.

Ба гуфтаи ӯ, давраи омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СҶТ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази байнулмилалии тиҷорат амалӣ менамояд.

Қобили зикр аст, ки Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) тавассути лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии беҳтар аз вуруди қарибулвуқӯъи Тоҷикистон ба СҶТ ва бештар ҷалб гардидан ба ин раванд ёрӣ медиҳад. Лоиҳаи мазкур бахше аз Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон буда, мусоидат ба иҷрои ислоҳоти ҳамаҷониба дар ин кишвар ҷиҳати узвият дар СҶТ-ро ҳадаф қарор додааст.

Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) як созмони байнулмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад, то ба ин васила ба истеҳсолкунандагон, ироагарони хадамот, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат кунад. Дар ҳоли ҳозир, 157 кишвар узви СҶТ мебошанд ва 22 кишваи дигарр, аз ҷумла Тоҷикистон, дархости узвият ба СҶТ кардаанд ва дархости онҳо дар марҳилаҳои гуногуни баррасӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.