Таҷлили ҷашни пуршукуҳи Рӯзи Парчами миллӣ дар пойтахт


Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз соли 2009 ҳамасола санаи 24-уми ноябр таҷлил мегардад, пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта соати 10-и субҳ дар чор ноҳияи пойтахт раҳпаймоии идонаи сокинони шаҳр доир мегардад, ки дар он беш аз 8 ҳазору 500 нафар душанбегиҳо ширкат хоҳанд варзид.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни ин чорабинӣ аз кӯчаҳои шаҳр гузашта, то Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон роҳпаймоӣ мекунанд. Соати 11 дар майдони мазкур бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар консерти идона баргузор мешавад.

«Дар ин рӯз дар пойтахт ҳамчунин мусобиқаи варзишии «Веломарафон» тибқи хатсайри муайян дар масофаи 35 км доир гардида, шаҳр бо овезаву шиорҳои идона оро дода мешавад ва ба муносибати ҷашн намоишгоҳу конфронс ва мизҳои гирд созмон дода мешаванд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ бо нишон ва ронандагони онҳо бо  нишони сарисинагӣ – рамзи Парчами давлатии Тоҷикистон таъмин карда хоҳанд шуд. 

spot_imgspot_img

Популярное