Суғд: Ҳалокати наврас дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд толибилми синфи 10-уми шаҳри Чкаловск Мастура Саидбеекова ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, нимаи рӯзи 15-уми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо», сокини 59-солаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ Мулло Муллоев наврасро ҳангоми аз роҳ гузаштан бо воситаи нақлиёт пахш намуда, […]

Мавлуда Рафиева


Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд толибилми синфи 10-уми шаҳри Чкаловск Мастура Саидбеекова ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, нимаи рӯзи 15-уми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо», сокини 59-солаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ Мулло Муллоев наврасро ҳангоми аз роҳ гузаштан бо воситаи нақлиёт пахш намуда, ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил мегардад ва рӯзи 20-уми ноябр ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел нисбат ба М.Муллоев мутобиқи моддаи 212, қ.2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон инсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 70 ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки ноболиғону кӯдакон (ҳамин давраи соли 2011 – 71 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 26 нафар ноболиғон (соли 2011 – 23 нафар) ба ҳалокат расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.