Воридоти 1 млн. тонна гандум аз Қазоқистон дар соли оянда

Бо назардошти афзоиши талабот, соли оянда аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид намудани 1 млн. тонна гандум дар назар аст. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Ғалла» Тағоймурод Шарифов дар ин робита изҳор кард, ки тӯли моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 602 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин […]

Заррина Эргашева


Бо назардошти афзоиши талабот, соли оянда аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид намудани 1 млн. тонна гандум дар назар аст.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Ғалла» Тағоймурод Шарифов дар ин робита изҳор кард, ки тӯли моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 602 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (326,8 ҳазор тонна) қариб ду баробар зиёд аст. «Дар зарфи 10 моҳ ҳаҷми воридоти орд 289,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳазор тонна бештар мебошад», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, бо назардошти афзоиши ҳаҷми воридот, талабот ва истеъмол, соли ҷорӣ 1 млн. 462 ҳазор тонна маҳсулоти нониву ордӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 58 ҳазор тонна зиёдтар аст. «Дар муқоиса бо аввали сол нархҳои яклухт ба гандум ба андозаи 160 $ афзуда, имрӯз 340-345 доллари ИМА барои як тоннаро ташкил медиҳанд», – иброз дошт номбурда.

Дар робита ба нархи чаканаи навъи якуми орди воридотӣ, Шарифов изҳор намуд, ки нисбат ба нархҳои моҳи октябр (170-175 сомонӣ) он каме коҳиш ёфта, феълан як халтаи он (50 кило) бо қимати 150 сомонӣ фурӯхта мешавад.

«Нархҳо каме коҳиш ёфтанд, зеро дар бозор норасоӣ вуҷуд надорад, вале ҳамасола зимистон қимати орд ва нон боло меравад ва имсол ҳам истисно нахоҳад буд», – афзуд Т.Шарифов.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон дар дохили кишвар 794 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ карда шуд. Соли гузашта ҳаҷми ҷамъоварии ҳосили ин зироати ғалладона 435 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Арзиши орди истеҳсоли маҳаллӣ дар бозорҳои пойтахт дар муқоиса бо орди хориҷӣ вобаста ба навъ 15-20 сомонӣ арзонтар аст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил медиҳад, ки 70%-и он аз Қазоқистон ворид мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.