Лоиҳаи тағйироту илова
ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон», ки аз ҷониби вакилони парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ пешниҳод шуд, дар кумитаву комиссияҳои палатаи поёнии парлумон мавриди баррасӣ қарор дошта, ҳамчунин ба ташхиси ҳуқуқӣ ирсол шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи парлумонӣ оид ба сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Галия Рабиева хабар дод.
Г. Рабиева аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки атрофи ин масъала васоити ахбори умум ҳангомаи зиёд ва ҳамчунин аҳзоби сиёсӣ «сарусадои ба ҳеҷ кас нолозим»-ро барпо намудаанд.
«Тағйироти пешниҳодшуда ба ҳимояи манфиатҳои аҳзобе, ки шумори аъзояшони каму начандон ҷонибдори зиёде доранд, равона гардида, муаллифони лоиҳа бештар ба ҷиҳати техникии масъала таваҷҷуҳ кардаанд», – мегӯяд вай.
Вакили парлумон ҳамчунин иброз дошт, ки масъалаи мушкилоти зиёд эҷод сохтани ин тағйирот дар маъракаи интихоботиро муаллифони лоиҳа нодида мегиранд. «Масалан, суоле ба миён меояд, ки оё ҳамаи аҳзоби сиёсӣ намояндагони шоиставу босаводи худ дар ҳавзаҳои интихоботиро таъмин карда метавонанд? Зеро шумори онҳо дар давраи интихобот ҳудуди 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад», – зикр кард вакили парлумон.
Ба андешаи Рабиева, аъзои қитъаи интихоботӣ шудан бидуни пардохти маблағ хеле мушкил аст. «Ман умедворам, ки дар кумитаву комиссияҳои парлумон тағйироти пешниҳодшуда мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор хоҳанд гирифт», – афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов эҳтимоли дастгирии коммунистон аз ин лоиҳаро изҳор карда буд.





