Боздиди дипломати кореягӣ аз парлумони Тоҷикистон

Муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Махфират Хидирова бо сафири нави Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Деван вохӯрӣ анҷом дод. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии Корея […]

ASIA-Plus


Муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Махфират Хидирова бо сафири нави Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Деван вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии Корея баррасӣ шуд.

Муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон густариш ёфтани муносиботи байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Кореяро ба нафъи миллат ва давлати ҳарду кишвар унвон карда, ҳамзамон изҳор дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо бо бештари парлумонҳои кишварҳои мутарраққии ҷаҳон равобити ҳасанаро ба роҳ мондааст.

«Мо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо парлумонҳои ҷумҳуриҳое, ки хостори барқарор намудани робитаҳои парлумонӣ бо кишвари моро доранд, ҳастем ва дар доираи ин тасмим байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумонҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Корея гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шудааст», – гуфт Махфират Хидирова.

Сафири нави Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Деван аз раванди ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон хостори тақвияти ҳарчи бештари ин муносибот шуд.

Дипломати кореягӣ таъкид дошт, ки ба ҳайси сафири нави ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконоти барояш мувофиқ истифода менамояд, то равобити байнипарлумонии ҳарду кишвар боз ҳам бештар тақвият ёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.