Дар сӯхтори бозори «Ҷал-Ҷам» кафшергар гунаҳкор дониста шуд

Дар ҳодисаи сӯхтори яке аз бузургтарин бозорҳои масолеҳи сохтмони шаҳри Душанбе бо номи «Ҷал-Ҷам» кафшергар гунаҳкор дониста шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ хабар доданд, сӯхтор бар асари истифодаи нодурусти дастгоҳи кафшергарӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сар зада, нахуст дар яке аз анборҳо ва сипас ба дигар нуқтаҳои фурӯш […]

ASIA-Plus


Дар ҳодисаи сӯхтори яке аз бузургтарин бозорҳои масолеҳи сохтмони шаҳри Душанбе бо номи «Ҷал-Ҷам» кафшергар гунаҳкор дониста шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ хабар доданд, сӯхтор бар асари истифодаи нодурусти дастгоҳи кафшергарӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сар зада, нахуст дар яке аз анборҳо ва сипас ба дигар нуқтаҳои фурӯш паҳн шуда, дар маҷмӯъ 135 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

«Ба ҷойи ҳодиса дарҳол 13 гурӯҳи оташнишонӣ ва ду автомашинаи обкаш ҳозир шуда, ба туфайли чораҳои андешидаи онҳо, сӯхтор зуд хомӯш карда шуд», – гуфт манбаъ ва илова намуд, ки аз сӯхтор касе осеб надидааст.

Зимнан зикр гардид, ки давоми сол хадамоти оташнишонӣ вазъи бозоро санҷида, ба раҳбарияти он ҷиҳати риоя кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор дастур додааст. «Зимни санҷиши такрорӣ барои бартараф насохтани камбудиҳо 13 нафар соҳибкорони бозор ба маблағи беш аз 2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда буданд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки айни замон таҳқиқи ҳодиса мазкур идома дошта, ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор муайян карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.