Кабирӣ: Дар Сурия аз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон истифода бояд кард

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси дурӯзаи Теҳрон, ки зери унвони «Муколамаи миллии Сурия» баргузор гашт, ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин конфронс беш аз 200 нафар бо намояндагӣ аз ҳукумати Сурия, бархе аз  мухолифини он, инчунин намояндагони СММ, сафирони муқими Теҳрон ва  сиёсатмадорону сиёсатшиносон аз дигар кишварҳо ширкат доштанд. Бино ба […]

Аваз Юлдошев


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси дурӯзаи Теҳрон, ки зери унвони «Муколамаи миллии Сурия» баргузор гашт, ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар ин конфронс беш аз 200 нафар бо намояндагӣ аз ҳукумати Сурия, бархе аз  мухолифини он, инчунин намояндагони СММ, сафирони муқими Теҳрон ва  сиёсатмадорону сиёсатшиносон аз дигар кишварҳо ширкат доштанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ дар рӯзи аввали конфронс суханронӣ намуда, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро барои истифода дар ҳалли қазияи Сурия муфид арзёбӣ кард. «Раиси ҲНИТ таъкид бар он дошт, ки муколама ва сулҳ набояд заъф ё шикасти кадоме аз тарафҳо дониста шавад, балки ҳадафи аслии он пешгирӣ аз густариши хунрезӣ ва таъмини субот дар ин кишвари ҷангзада мебошад»Ю – гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, раҳбари ҲНИТ аз Ирон ва Русия даъват ба амал овард, ки нақши бештаре дар мусолиҳаи Сурия дошта бошанд, зеро ин ду кишвар дар қазияи Тоҷикистон исбот намуданд, ки дар сурати ҳамкории бештар бо ҳама тарафҳои қазия дар Сурия ҳам метавонанд ба натиҷаи беҳтаре даст биёбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.