Гуфтушуниди Ш.Зуҳуров бо раиси Думаи давлатии Русия

Айни замон дар шаҳри Санкт-Петербург раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва СААД ширкат дорад. Имрӯз ӯ бо раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин вохӯрда, дар мулоқот масоили рушди робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои гуногуни минтақавӣ ва байнулмилалӣ баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ […]

Аваз Юлдошев


Айни замон дар шаҳри Санкт-Петербург раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва СААД ширкат дорад.

Имрӯз ӯ бо раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин вохӯрда, дар мулоқот масоили рушди робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои гуногуни минтақавӣ ва байнулмилалӣ баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Санкт-Петербург иттилоъ дод, Зуҳуров ба ҳамтои русиягии худ оид ба фаъолияти парлумони Тоҷикистон ва робитаҳои хориҷии он маълумот дода, таъкид дошт, ки сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе дар моҳи октябри соли равон ба рушди муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо такони ҷиддӣ бахшид.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи густариши боз ҳам бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзиву иқтисод, энергетика, маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ, варзиш ва амният табодули назар намуданд.

«Сергей Наришкин аз сатҳи ҳамкории байнипурлумонии кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки барои рушди минбаъдаи онҳо ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад», – иброз дошт М.Султонов ва илова намуд, ки Зуҳуров ҳамсуҳбати худро ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.