Санҷиши вазъи анборҳои захираи нафти Тоҷикистон


Ширкати байнулмилалии Wakefield Inspection Services (WFS) Ltd., ки дар саросари ҷаҳон хизматгузориии нозироти анборҳои захираи нафтро анҷом медиҳад, вазъи анборҳои нигоҳдории маҳсулоти нафтии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии захираҳои моддӣ ва хариди давлатии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, санҷиш дар доираи қарордоди ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байнулмилалии исломии тиҷоративу молиявӣ (ITFC), узви Гурӯҳи Бонки исломии рушд сурат гирифт.

Директори генералии IFTC Валид Ал-Воҳаиб изҳор кардааст, ки Корпоратсияи байнулмилалии исломии тиҷоративу молиявӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои маблағгузории воридоти бензин ва сӯзишвории дизелӣ 40 млн. $ қарзи тичоратӣ ҷудо мекунад.

Ба қавли ӯ, созишномаи қарзии мазкур як қисмате аз стратегияи корпоратсия оид ба афзоиши ҳаҷми маблағгузории тиҷоратӣ ба кишварҳои узви ИДМ мебошад. «Имрӯз Тоҷикистон ба иллати мавқеи ҷуғрофӣ ба камбуди захираҳои маводи сӯзишворӣ дучор гардида, ба туфайли имзои созишномаи мазкур, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар танзим ва талабот ба он қонеъ хоҳад шуд», – иброз доштааст номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон 4 адад анбори бузурги давлатии таъиноти стратегии захираи маҳсулоти нафтӣ вуҷуд доранд. 

spot_imgspot_img

Популярное