Имкони сармоягузории Норвегия ба иқтисоди Тоҷикистон

Чанде қабл вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ зимни сафари кориаш ба шаҳри Ослои Шоҳигарии Норвегия ташриф овард. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетка ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар Гул Шералӣ бо вазири нафт ва энергетикаи Норвегия Ҷаноби Ула Бортен Му, муовини вазири корҳои хориҷии Норвегия ҷаноби Тургейр Ларсени, роҳбарони […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ зимни сафари кориаш ба шаҳри Ослои Шоҳигарии Норвегия ташриф овард.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетка ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар Гул Шералӣ бо вазири нафт ва энергетикаи Норвегия Ҷаноби Ула Бортен Му, муовини вазири корҳои хориҷии Норвегия ҷаноби Тургейр Ларсени, роҳбарони Идораи Норвегии захираҳои об ва энергетика, шабакаи давлатии ҳамоҳангсозии «Statnett» ва дигар ширкатҳои энергетикии Шоҳигарии ин давлат мулоқот доир намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва саноат, ҷалби сармоягузории ин кишварро ба иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Бино ба гуфтаи Ҷаноби Ула Бортен Му ҳукумати Норвегия барои рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон ҳамкориҳоро минбаъд низ густариш хоҳад дод.

«Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар навбати худ иброз дошт, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳоеро, ки ҷиҳати бевосита сармоягузорӣ намудан ба энергетика, корхонаҳои саноатӣ омодаанд, дастгирӣ менамояд. Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон бо корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва марказӣ оид ба таҳия намудани санадҳои меъёрии маблағгузориҳои Тоҷикистону Норвегия бо мақсади амалӣ гардонидани чандин лоиҳаҳои пилотӣ тайи 18 моҳи наздик ҳамкориҳои зич дорад», – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки бахши истихроҷи маъданҳои кўҳӣ дорои имкониятҳои фаровон буда дар заминаи сармоягузории шахсони алоҳида ва ислоҳоти сиёсии Хукумати Тоҷикистон, аз қабили ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Нью-Йорк, ба кишвари номзад ба қабули узвияти Ташаббусҳои шаффоф дар саноати маъданҳои кўҳӣ (ТШСМК- EITI) гаштан, ҳамчунин аз нав дида баромадни қонунҳои марбути батамзимдаровардаи соҳа босуръат рушд дорад.

Вазири энергетика ва саноати изҳор кард, ки кишварҳои ҳамсоя, бахусус, Афғонистон ва ба масъалаи камчинии нерўи барқ мувоҷеҳ буда, ин мушкилоти худро аз ҳисоби зиёд намудани содироти нерўи барқ аз нерўгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон бартараф карда метавонанд. Айни замон ду хати интиқоли барқ мавҷуд мебошад, ки бо иловаи таҳияи лоиҳаи CASA – 1000 Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳои миёни ҳарду кишвар дар асоси Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сентябри соли 2010 оғоз ёфтааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистиону Шоҳигарии Норвегия 103 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 98,6 ҳазор доллари он ба воридоти маҳсулот аз Норвегия рост меояд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо 2,3 маротиба афзудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.