Ҳайати ҲНИТ дар Ассамблеяи генералии форуми аҳзоби сиёсии Осиё

Ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси он Муҳиддин Кабирӣ, дар 7- умин Ассамблеяи генералии форуми ҳизбҳои сиёсии Осиё, ки рӯзҳои 22-23-юми ноябри соли равон дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку доир мегардад, ширкат хоҳад варзид. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, ин нишаст аз тарафи ҳизби ҳокими «Озарбойҷони нав» созмон дода шуда, […]

ASIA-Plus


Ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси он Муҳиддин Кабирӣ, дар 7- умин Ассамблеяи генералии форуми ҳизбҳои сиёсии Осиё, ки рӯзҳои 22-23-юми ноябри соли равон дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, ин нишаст аз тарафи ҳизби ҳокими «Озарбойҷони нав» созмон дода шуда, дар кори он намояндагони бештар аз 100 ҳизбҳои сиёсии Осиё, Аврупо ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар ифтитоҳи ассамблея ширкат ва суханронӣ хохад кард.

Зимнан зикр гардид, ки ҲНИТ аз соли 2004 узвияти ин форуми байналмиллалии аҳзобро дорад ва пайваста дар чорабиниҳои он ширкат намудааст. Раиси ҲНИТ дар яке аз ҷаласаҳои ин ассамблея суханронӣ хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи генералии форуми ҳизбҳои сиёсии Осиё соли 2000-ум таъсис ёфта, айни замон ба ҳайати он 240 ҳизб аз 50 кишвари дунё шомиланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.