Дар Суғд истихроҷи ангишт қариб ду баробар афзуд

spot_imgspot_img

Дата:


Соли равон ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар вилояти Суғд нисбат ба соли гузашта қариб ду баробар афзуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи шимоли кишвар 180 ҳазору 338 тонна ангишт истихроҷ шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 100 ҳазор тонна расида буд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар қаламрави вилоят панҷ кони ангишт амал мекунанд, ки инҳо конҳои «Анзоб» ва «Фон-Яғноб» дар ноҳияи Айнӣ, кони ҶДММ «Дион-Ангишт» дар ноҳияи Панҷакент, кони ҶСК «Ангишт» дар Исфара ва кони ҶДММ «Кони ангиштсанги Ғузн» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошанд.

Популярное

Похожие материалы