Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бо Раиси палатаи поёнии парлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Қазоқистон, фаъол намудани кори гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, густариши муносибот дар заминаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, захираҳои обӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, варзишу туризм ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Қазоқистон имконоти хеле зиёд ва фаровон барои тақвияти равобити байнипарлумонӣ вуҷуд дорад ва ба роҳ мондани рафту омади намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба кишварҳои якдигар барои боз ҳам густариш пайдо кардани ин муносибот мусоидат намуда, дар самти истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода намудани қонун ва дигар санадҳо кӯмак хоҳад кард.
Дар мулоқот дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар карда шуд. Зикр гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқиистон санадҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байни Душанбе ва Остонаро ба вуҷуд овардаанд.
Раиси палатаи поёнии парлумони Қазоқистон ҷаноби Нурлан Нигматулин низ дар навбати худ хостори густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шуд ва илова намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии вохӯрии роҳбарони парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасии масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо ба шумор меравад.
Нурлан Нигматулин ҳамчунин афзуд, ки 4 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Остона мизи мудавваре ба мавзӯи Афғонистон бахшида мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон низ ба он даъват карда мешавад.





