Душанбеву Париж паймони бародаршаҳрӣ мебанданд

Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруаро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо дар соҳаҳои гуногун бо   фаъолияти сафир минбаъд низ рушд хоҳанд кард. Дар ин ҷараён масоили сохтмони […]

ASIA-Plus


Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруаро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо дар соҳаҳои гуногун бо   фаъолияти сафир минбаъд низ рушд хоҳанд кард.

Дар ин ҷараён масоили сохтмони бинои нави Сафоратхонаи Фаронса дар шаҳри Душанбе ва  ҷалбу тавсеаи фаъолияти ширкатҳои фаронсавӣ дар барномаҳои инвеститсионӣ, лоиҳаҳои ба рушди инфрасохтории шаҳр нигаронидашуда ва ташкили корхонаҳои хурди муштараки саноатӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифтанд.

Бо ин мақсад ба тафоҳум расида шуд, ки ширкатҳои фаронсавӣ минбаъд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи шаҳрдорӣ дар тендерҳои кушоди байналхалқии аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе эълоншаванда ширкат хоҳад намуд. Баҳри расидан ба ин ҳадафҳо хулоса гардид, ки ояндаи наздик форуми соҳибкорони Фаронса ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Ҳамзамон зимни мулоқот ҷонибҳо дар радифи масъалаҳои матраҳшуда, инчунин бобати тақвияти робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ изҳори назар намуда, таъкид сохтанд, ки тибқи тартиби маъмулӣ масъалаи бастани паймони бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Парижро баррасӣ менамоянд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.