Сарварии Котиботи «Интерэлектро»-ро тоҷикистонӣ ба уҳда гирифт

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Киев ҷаласаи 58-уми Шӯрои Созмони байнулмилалӣ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ дар бахши саноати электротехникии «Интерэлектро» баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги Tajinfo дар Русия, иштирокчии ин ҷаласа Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар кори ҷаласа ҳайати намояндагони вазорату идораҳои дахлдори 24 кишвари узви Шӯро ширкат варзиданд. Дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Киев ҷаласаи 58-уми Шӯрои Созмони байнулмилалӣ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ дар бахши саноати электротехникии «Интерэлектро» баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги Tajinfo дар Русия, иштирокчии ин ҷаласа Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар кори ҷаласа ҳайати намояндагони вазорату идораҳои дахлдори 24 кишвари узви Шӯро ширкат варзиданд. Дар ҷаласа масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои байнулмилалӣ ва барномаи рушди «Интерэлектро» барои соли 2013 баррасӣ шуданд.

Ба қавли номбурда, узви Шӯро аз Қазоқистон, доктори улуми физикаву математика, академики Академияи байнулмилалии улуми электротехникӣ ва Академияи ҷаҳонии амнияти комлексӣ  Куралбой Бухорбоев раиси Шӯро ва  зодаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи «Интерэлектро» бо собиқаи кории 14-сола, узви ҳақиқии Ассотсиатсияи минтақавии «Самаранокии энергетикӣ ва меъёрбандӣ» («Энергоэффективность и нормирование») ва узви Академияи ҷаҳонии амнияти комлексӣ Рӯзи Неъматов мудири Котиботи «Интерэлектро» интихоб шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натоиҷи ҷаласаи 58-уми «Интерэлектро» Протокол ба имзо расид, ки аслан ба муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷонибҳо дар замони муосир равона шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.