Оғози аксияи мубориза алайҳи зӯроварии хонаводагӣ

Имрӯз дар кинотеатри «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе бо иштироки гурӯҳи «Авеста» маросими оғози аксияи ҷумҳуриявии «16 рӯз бидуни зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон» баргузор мешавад. Соли равон маъракаи мазкур таҳти шиори «Аз созиш дар хонавода то ба сулҳ дар саросари ҷаҳон» сурат мегирад. Дар доираи чорабинии мазкур имрӯз ҳамчунин намоишгоҳи маснуъоти косибӣ ва маҳсулоти кори дасти занони […]

Маҳпора Киромова


Имрӯз дар кинотеатри «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе бо иштироки гурӯҳи «Авеста» маросими оғози аксияи ҷумҳуриявии «16 рӯз бидуни зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон» баргузор мешавад. Соли равон маъракаи мазкур таҳти шиори «Аз созиш дар хонавода то ба сулҳ дар саросари ҷаҳон» сурат мегирад.

Дар доираи чорабинии мазкур имрӯз ҳамчунин намоишгоҳи маснуъоти косибӣ ва маҳсулоти кори дасти занони шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинӣ бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки аксия рӯзи якшанбе, 25-уми ноябр оғоз гардида, то 10-уми декабр идома меёбад. Давоми 16 рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун созмон дода мешаванд. Маъракаи мазкур ҳамасола ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазир ва дастгирии чорабиниҳо оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ гузаронида мешавад.

«Лоиҳа оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) аз ҷониби ширкати олмонии GOPA дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мавриди амал қарор дошта, доир ба беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ аз мушкилоти зӯроварии оилавӣ сурат мегирад», – баён мегардад дар иттилоияи нашршудаи созмондиҳандагони чорабинӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки дастгирии пешбурду мавриди баррасӣ қарор гирифтани лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» низ аз ҷумлаи аҳдофи чорабинӣ ба шумор меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?