Ширкати байнулмилалии консалтингии Wealth-X як таҳқиқотеро дар бораи шумори мултимиллимонерон дар кишварҳои мухталифи дунё (World Ultra Wealth Report 2012-2013) анҷом дод.
Дар таҳқиқоти мазкур зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон 40 нафар афроди мултимиллионер ба сар мебаранд, ки ҳаҷми умумии боигарии онҳо 6 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Дар муқоиса бо гузориши солҳои 2011-2012 шумори мултимиллионерони тоҷик тағйир наёфтааст.
Қобили зикр аст, ки дар гузориш боигарии афроде дарҷ ёфтааст, ки ҳаҷми умумии дороиашон дар шакли маблағи пуливу саҳмия, амволи ғайриманқул ва ғайра беш аз 30 млн. доллари ИМА мебошад.
Аз рӯи шумори афроди мултимиллионер дар минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон пешсаф буда, дар ин кишвар 140 нафар мултимиллионерон бо боигарии умумии 40 млрд. доллари ИМА зиндагӣ доранд. Дар Ӯзбекистон шумори мултимиллионерон 80 нафар буда, ҳаҷми умумии сарвати онҳо ба 12 млрд доллари ИМА баробар аст. Дар бораи Қирғизистону Туркманистон маълумот оварда нашудааст.
Аз рӯи шумори мултимиллонерон сегонаи аввали кишварҳои Аврупо чунин аст: Олмон – 15770 нафар, Британияи Кабир – 10515 нафар ва Швейтсария – 5 595 нафар.
Русия бо 1145 мултимиллионер дар ин рейтинг мақоми 9-ум (бо сарвати умумии 605 млрд. $), Украина ҷойи 19-ум (480 нафар бо дороии умумии 55 млрд. $) ва Белорус зинаи 27-ум (115 нафар)-ро ишғол намудаанд.
Бино ба маълумоти Wealth-X, аз ҳама бештар мултимиллионерон дар Амрикои Шимолӣ зиндагӣ мекунанд, ки шумори умумии онҳо 65 550 нафар ва боигариашон дар маҷмӯъ 8,8 трлн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз рӯи шумори афроди сарватманд ИМА бидуни шубҳа пешсаф аст. Дар ИМА 60280 нафар шахсони сарватманд иқомат доранд, ки ҳаҷми маблағи сарвати умумиашон ба 8,3 трлн. доллари ИМА баробар аст.
Гуфта мешавад, дар саросари ҷаҳон 187 380 нафар мултимиллионерон ба қайд гирифта шудаанд. Тӯли як сол шумори онҳо ба андозаи 0,6% афзуда, вале ҳаҷми умумии маблағи сарватҳои онҳо ба миқдори 1,8% коҳиш ва то 25,8 трлн. доллари ИМА поин рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, ширкати Wealth-X рӯйхати даҳгонаи кишварҳои пешсаф аз рӯи шумори шаҳрвандони дорои боигарии баробар ба миллирд доллари ИМА-ро таҳия намудааст. Пешсафи ин кишварҳои даҳгона ИМА буда, дар он қариб 500 нафар аз чунин сарватмандон ба сар мебаранд ва маблағи умумии суратҳисобҳои бонкии онҳо ба 2 трлн. $ мерасад.
Мақоми дуюм дар ин рӯйхатро Чин касб намуда, дороии 150 нафар шаҳрвандони ин кишвар 1 млрд. $ ё зиёда аз онро ташкил медиҳад. Дар зинаҳои баъдии ин рӯйхат Британияи Кабир, Олмон ва Ҳиндустон ҷойгир шудаанд. Русия қариб бо 100 нафар миллиардерон зинаи шашумро ишғол намуд. Тӯли як сол шумори миллиардерони рус 17 нафар зиёд шуда, вале ҳаҷми умумии маблағи дороии онҳо ба андозаи 30% коҳиш ёфтааст.
Қароргоҳи марказии ширкати байнулмилалии консалтингии Wealth-X дар Сингапур воқеъ буда, бахшҳои он ҳамчунин дар Будапешт, Ганҷоу, Гонконг, Куала-Лумпур, Лондон, Лугано, Мумбай, Ню-Йорк ва Сидней фаъолият мекунанд.



