Боздошти духтарони ҷавон бо героин дар фурудгоҳ

Дар фурудгоҳи Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Фирӯза Дамоноваи 23-сола ва Саида Устоҷоноваи 21-сола боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни азназаргузаронии гумрукии мусофирони хатсайри Душанбе-Нижний Новгород, дастгоҳи рентгенӣ дар дохили ҷисми онҳо мавҷуд будани предмети бегонаро ошкор намуда, минбаъд аз дохили […]

Наргис Ҳамробоева


Дар фурудгоҳи Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Фирӯза Дамоноваи 23-сола ва Саида Устоҷоноваи 21-сола боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни азназаргузаронии гумрукии мусофирони хатсайри Душанбе-Нижний Новгород, дастгоҳи рентгенӣ дар дохили ҷисми онҳо мавҷуд будани предмети бегонаро ошкор намуда, минбаъд аз дохили меъдаи онҳо 151 адад ғилофаки (капсулаи) дорои маводи нашъаовари героин берун оварда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, вазни умумии героини мусодирашуда 1,1 килоро ташкил додааст. «Духтарон ба гуноҳи худ иқрор шуда, мегӯянд, ки онҳо ба доми фиреби ашхоси ношинос афтодаанд. Ба онҳо барои расонидани ин миқдор маводи мухаддир ба Русия мукофотпулии хеле зиёд ваъда додаанд», – гуфтанд дар хадамоти гумрук. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.